Таърихи Пайванд

ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гурӯҳ” санаи 19 октябри соли 2021 Иҷозатномаи №000145 Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ гирифта, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти маблағгузории амонатии хурд оғоз кард.

ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гурӯҳ” то санаи 19 октябри соли 2021 ҳамчун низоми пардохтии «Пайванд» фаъолият карда, аз соли 2011 дар бозори қабули пардохтҳо амал мекунад. Ширкат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи васеи дилерӣ ва нуқтаҳои қабули пардохтҳои худро дорад. Технологияҳои мавҷудаи Ширкат ба мо ва дилерҳоямон имкон медиҳанд, ки пардохтҳоро тавассути нуқтаҳо бо оператори хазинадор, тавассути терминалҳои пардохт, POS- терминалҳо ва муштариён барои телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо қабул намоем.

ҶДММ «Пайванд Гурӯҳ» ба муштариён пешниҳод менамояд, ки доираи фаъолияти худро тавассути ташкили нуқтаҳои қабули пардохтҳои фаврӣ аз аҳолӣ ба суроғаҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ, провайдерҳои интернет, операторони IP-телефония, телевизионҳои тиҷоратӣ ва дигар хизматрасониҳо васеъ намоянд.

Қабули пардохт тиҷорати босуръат рушдёбанда мебошад, ки даромади устувор ва кафолатнок меорад. Афзоиши босуръати шумораи нуқтаҳои қабули пардохт аз мавҷудияти талаботи устувор ба ин хизматрасонӣ шаҳодат медиҳад. Ташкили нуқтҳои қабули пардохт ба шумо имкон медиҳад, ки фоидаи худро ба андозаи назаррас зиёд кунед.

Низоми пардохтии «Пайванд» имкон медиҳад, ки суратҳисоби шахсии харидорони хизматрасонӣ фавран пур карда шавад. Шумораи муассисаҳои хизматрасонӣ торафт зиёд шуда, айни замон корхонаю ташкилотҳои хусусӣ ва давлатиро дар бар мегирад.

Технологияи коркарди пардохт, ки Ширкат истифода мебарад, имкон медиҳад, ки амалиёти пуркунии суратҳисоб зуд, осон ва боэътимод анҷом дода шавад. Ба шарофати истифодаи протоколҳои махсуси интиқоли маълумот, махфияти пурраи маълумоти воридкардаи шумо кафолат дода мешавад.

Низоми тағйирпазири муқаррар кардани андозаи подош имкон медиҳад, ки ҳам аз ширкати ҶДММ ТАҚХ «Пайванд Гуруҳ» ва ҳам аз шахси воқеие, ки барои хизматрасонӣ дар шакли комиссия пардохт анҷом медиҳад, подош гиред.

Барои ташкили нуқтаи қабули пардохт ба шумо хароҷоти зиёди моддӣ лозим нест, танҳо доштани компютери пайваст ба интернет тавассути ҳама гуна канали алоқа, аз ҷумла GPRS кифоя аст. Бақайдгирӣ дар системаи Пайванд на бештар аз 10 дақиқа вақтро мегирад. Шумо метавонед фавран аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба низоми пардохти Payvand ба қабули пардохтҳо шуруъ кунед.

Айни замон, ин хизматрасониҳоро ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гурӯҳ” ба роҳ мондааст ва кулли муштариён метавонанд ҳамкориҳоро ҷоннок намуда, ғайр аз хизматрасониҳои пардохтӣ боз аз дигар хизматрасониҳое, ки барои анҷом додани онҳо иҷозат гирифта шудааст, истифода намоянд.