📚 Teзис аз тренинги Пайванд Гуруҳ доир ба Моҳи саводнокии молиявӣ (GMW)
Бо ташаббуси Пайванд Гуруҳ ва дар доираи чорабиниҳои "Моҳи саводнокии молиявӣ" (Global Money Week), тренинг омӯзишӣ барои ҷавонон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ — баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии насли ҷавон ва ташаккули муносибати оқилона бо маблағ мебошад.
Мавзӯъҳои муҳими баррасишуда дар тренинг:
Мафҳуми пул ва роҳҳои истифодаи самараноки он;
Усулҳои муҳофизати худ аз қаллобии молиявӣ;
Молияи рақамӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир;
Захираи молиявӣ (подушкаи амниятӣ) ва роҳҳои дурусти ҷамъоварии он.
📍Чорабинӣ дар Маркази таълимии “Ёдгир” бо иштироки фаъолонаи наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Пайванд Гуруҳ ба рушди маърифат ва амнияти молиявии ҷомеа содиқ буда, минбаъд низ ба баргузории чунин иқдомҳо аҳамияти махсус медиҳад.