Эълон!
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Пайванд Гуруҳ” ташкилотҳои аудиториро барои иштирок дар озмуни кушод оид ба интихоби ташкилоти аудиторӣ барои гузаронидани аудити ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” барои соли 2026 (барои 12 моҳ) даъват менамояд.
Ба ташкилоти аудиторие, ки интихоби тахассусиро гузашта, аз ҷумла имконияти гузаронидани аудити пурраи технологияҳои иттилотӣ ва комплаенсро дошта, шартҳои мувофиқтарини ҳамкорӣ пешниҳод намудааст, ҳуқуқи бастани шартнома оид ба расонидани хизматҳои аудиторӣ ба ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” барои соли 2026 дода мешавад.
Ташкилотҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд, ҳуҷҷатҳои зеринро:
- ариза барои иштирок дар озмун;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва иҷозатномаҳои дахлдор;
- маълумот дар бораи таҷрибаи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ;
- маълумот дар бораи аудиторони масъул ва тахассуси онҳо;
- пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишон додани арзиши хизматрасонӣ;
- нақша ва муҳлати гузаронидани аудит;
- тасдиқи мустақилият ва набудани бархӯрди манфиатҳо.
ба суроғаи ш.Душанбе, н.Сино, кучаи А.Сино, бинои 29/2, Блок-Б, рӯ ба рӯи 5 корпуси Муассисаи давлатии маркази миллии тиббии Тоҷикистон “ШИФОБАХШ” (Қарияи Боло) ё тавассути почтаи элеткронии: info@payvand.tj, ё ба рақами телефонии +992 981113241 дастрас ё ирсол намоянд.