Омӯзиши дохилӣ дар Пайванд Гуруҳ: сармоягузорӣ ба рушди кормандон — кафолати хидматрасонии босифат
Дар доираи сиёсати рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, ҶДММ ТАҚХ «Пайванд Гуруҳ» омӯзиши дохилиро барои кормандони Марказҳои хизматрасонӣ ва агентҳои ташкилот, ки хизматрасониҳои маблағгузории хурдро анҷом медиҳанд, баргузор намуд.
Ҳадафи асосии ин омӯзиш — такмили донишу малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ниёзҳои мизоҷон ва беҳтарсозии сифати хидматрасонӣ мебошад.
🔍 Самтҳои муҳими омӯзиш:
Омӯзиши усулҳои муайянсозии ниёзҳои мизоҷон — иштирокчиён омӯхтанд, ки чӣ гуна ниёзҳои муштариёнро дуруст фаҳманд ва ба онҳо маҳсулоти воқеан муфид пешниҳод намоянд;
Мубодилаи таҷриба ва роҳҳои ҳалли амалӣ — омӯзиш ба ҳайси платформае барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи ҳолатҳои воқеӣ ва ёфтани роҳҳои муассири кор бо мизоҷон хизмат кард;
Таҳкими фарҳанги мизоҷпарварӣ — ба ташаккули муносибати эҳтиромона ва масъулона нисбати ҳар як муштарӣ диққати махсус дода шуд.
Мо ба он эътимод дорем, ки сармоягузорӣ ба рушди кормандон, дар ниҳояти кор, ба баланд шудани сатҳи хидматрасонӣ меорад. Омӯзиши пайваста ва рушди касбии кормандон — заминаи асосии расидан ба ҳадафи стратегии мост: таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, устувор ва муосири молиявӣ барои тамоми мизоҷон дар саросари кишвар.
Пайванд Гуруҳ ҳамеша ҷонибдори рушд ва такмил мебошад. Мо хуб медонем: вақте як корманд рушд мекунад — тамоми даста якҷоя ба сатҳи баландтар мебарояд.